Комрон Бобоев - ходими калони илми Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо cипосномаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
21 майи соли ҷорӣ, дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати ХБРЯ-и АМИТ конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» баргузор гардид. Конфронси мазкур ба муносибати эълон гардидани соли 2025 — «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025–2030 — «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бахшида шуда буд.
Дар конфронс олимони ҷавон аз тамоми муассисаҳои илмии АМИТ иштирок намуда, оид ба мавзӯъҳои гуногуни соҳавии худ дар бахшҳои илмҳои ҷомеашиносӣ, техникӣ, физика, биология ва тиб бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ, Комрон Бобоев — мудири шуъбаи амнияти химиявӣ, доктори фалсафа (PhD), ходими калони илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ, бо «Сипоснома»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Аҳли кормандони Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ Комрон Бобоевро бо ин дастоварди арзанда табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти илмӣ, касбӣ ва дастовардҳои минбаъда муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.
